Important Information Manual

Table Of Contents
43
Тоҷикӣ
-
Маҳсул ё батареяро накушоед, тағйир надиҳед, сӯрох ё вайрон накунед, қисмҳои онро ҷудо
накунед, то ки батареяҳо гарм нашаванд ё моддаҳои заҳрнок ё хатарнок аз онҳо набароянд.
Батареяҳоро бо барқ аз ҳад зиёд ё баръакс заряд надиҳед ё расиши кутоҳ накунед.
-
Маҳсул ё батареяҳоро аз оташ дур нигоҳ доред ва онҳоро ба шуоъи мустақими офтоб ё
ҳароратҳои баланд нагузоред.
-
Агар маҳсул ғайриоддӣ гарм ё бадбӯй шуда бошад, ё рангро иваз кунад ё зарядро ба муддати хеле
дароз гирад, истифода ва зарядкунии онро қатъ намуда, бо Philips дар тамос шавед.
-
Маҳсулот ва батареяҳои онро ба танӯрҳои кутоҳмавҷ ё тахтасанги электрикӣ нагузоред.
-
Вақте ки батареяҳо вайронанд ё мечаканд, онҳоро аз пӯст ё чашмҳо дур нигоҳ доред. Агар ба
чашм ё пӯст расад, бо об шӯед ва ба табиб муроҷиат намоед.
-
Ин маҳсул дорои батареяи зарядшаванда мебошад. Батарея метавонад танҳо бо мутахассиси
хизматрасонии расмӣ иваз карда шавад.
-
Вақте ки шумо таҷҳизотро дигар заряд карда наметавонед ё вақте ки заряд тез тамом мешавад,
таҷҳизотро ба маркази хизматрасонии Philips баред.
-
Барои пешгирӣ кадани вайроншавӣ, таҷҳизотро истифода набаред, агар филтр дар
дарбаргирандаи чанг ворид нашуда бошад.
Диққат!
-
Ҳангоми зарядгирӣ адаптер хеле гарм мешавад. Ин оддӣ аст.
-
Таҷҳизотро бо дасти тар васл ё ҷудо накунед ё истифода набаред.
-
Адаптерро аз розетка бо кашидани сим ҷудо накунед (Расм 1). Вақте ки шумо дастгоҳи барқдиҳиро
истифода намебаред, ҳамеша таҷҳизотро бо ҷудо кардани диски барқдиҳии магнитӣ аз таги
таҷҳизот хомӯш кунед (Расм 2).
-
Ҳамеша пас аз истифода ва пеш аз зарядкунӣ таҷҳизотро хомӯш кунед.
-
Ҳеҷ гоҳ шикофҳои ҳавобарориро ҳангоми чангкашӣ маҳкам накунед.
-
Дарбаргирандаи чанг ва сарпӯши дарбаргирандаи чангро дар мошини зарфшӯӣ тоза накунед.
Онҳо барои шустан дар мошини зарфшӯӣ пешбинӣ нашудаанд.
-
Агар хоҳед, ки таҷҳизот дар дараҷаи олӣ кор кунад, мутмаин шавед, ки шумо филтрро ақаллан як
бор дар ду ҳафта бо даст мешӯед. Бо фишори об тоза кунед, то вақте ки об тоза нашавад. Бигузор,
ки пеш аз истифода, филтр ба муддати 24 соат хушк шавад.
-
Филтрро бо сачоқҳои суфтакунӣ ё маводҳои тозакунии пурзӯр тоза накунед.
-
Ҳамеша чангкашакро бо филтри васлшуда истифода набаред.
-
Агар шумо филтрро бо об шӯед, мутмаин шавед, ки он пеш аз гузоштан ба қуттии чангҷамъкунӣ
комилан хушк карда шуд. Филтрро дар шуоъи мустақими офтоб, радиатор ё хушккунаки либос
хушк накунед.
-
Филтрро иваз намоед, агар онро дигар ба таври зарурӣ тоза карда натавонед ё агар он вайрон
шуда бошад ('Фармоиши лавозимот'-ро бинед).
-
Мутмаин шавед, ки таҷҳизот дорои дастгоҳи барқдиҳии васлшуда мебошад ва ба розетка
мувофиқи дастури корбарӣ пайваст карда шудааст.
-
Боэҳтиёт бошед, вақте ки шумо барои васл кардани дастгоҳи барқдиҳӣ дар девор сурох мекунед,
зеро ки ин метавонад зарбаи электрикиро ба вуҷуд орад.
Майдонҳои электромагнитӣ (EMF)
Ин таҷҳизоти Philips ба ҳамаи стандартҳо ва санадҳои меъёрии марбут ба нуфузи майдонҳои
электромагнитӣ мутобиқат мекунад.