User manual

Table Of Contents
683
Тоҷикӣ
фарсудашавии сараки чӯткаи шуморо пайгирӣ
мекунад.
Тавзеҳ: Ин хусусият танҳо бо саракҳои чӯткаи
оқилонаи Philips Sonicare бо технологияи BrushSync
кор мекунад.
1
Вақте ки шумо сараки чӯткаро бори аввал васл
мекунед, дастак муайян мекунад, ки шумо сараки
дандоншӯии «Philips»-ро бо технологияи
«BrushSync» илова кардед ва аз он вақт дастак
пайгирии фарсудашавии сараки чӯткаи шуморо
оғоз мекунад.
2
Бо мурури замон, дар асоси фишоре, ки шумо
ҳангоми дандоншӯӣ татбиқ мекунед ва миқдори
вақте, ки шумо сараки чӯткаро истифода мебаред,
дастак фарсудашавии сараки чӯткаро пайгирӣ
мекунад, ва вақти беҳинро барои иваз кардани
сараки чӯткаи шумо муайян мекунад. Ин хусусият
барои натиҷаи беҳтарини дандоншӯӣ ва
нигоҳубини дандонҳои шумо кафолат медиҳад.
3
Вақте ки нишондиҳандаи ёдраси ивазкунии
саракаи чӯтка бо ранги зард дурахш мезанад,
шумо бояд сараки чӯткаро иваз намоед.
Ҳама саракҳои чӯткаи оқилона бо хусусияти
ёдраскуниҳои ивазкунии сараки чӯтка фаъол карда
мешаванд. Барои ғайрифаъол кардани ёдраскуниҳои
ивазкунии сараки чӯтка ба "Фаъол ё ғайрифаъол
кардани хусусиятҳо" нигаред.
Фаъол ё ғайрифаъол кардани хусусиятҳо
Шумо метавонед хусусиятҳои зерини чӯткаи
дандоншӯии худро фаъол ё ғайрифаъол кунед:
- EasyStart
- Ёдраси ивазкунии сараки чӯтка
- Аксуламали эҳсосгари шиддат
Тавзеҳ: Шумо метавонед танҳо вақте ки сараки чӯткаи
оқилона дар дастак ҷойгир аст, ёдраскуниҳои
ивазкунии сараки чӯткаро фаъол ё ғайрифаъол кунед.
Қадами 1: Дастакро дар барқпуркунандаи васлшуда ба
барқваслак ҷойгир кунед.