User manual

Table Of Contents
686
Тоҷикӣ
5
Даричаро пӯшед ва тугмаи сабзранги
фаъол/хомӯшро як маротиба пахш кунед, то ки
давраи тозакунии UV интихоб карда шавад.
Тавзеҳ: Тамизкунанда танҳо он гоҳ фаъол карда
мешавад, агар дарича комилан маҳкам шуда бошад.
Тавзеҳ: Агар шумо ҳангоми давраи тамизкунӣ
даричаро кушоед, кори тамизкунанда қатъ карда
мешавад.
Тавзеҳ: Давраи тамизкунанда тахминан ба муддати 10
дақиқа иҷро мешавад ва пас аз ин вақт ба таври
худкор хомӯш мешавад.
Тамизкунанда дар ҳоли иҷро мебошад, вақте ки чароғ
аз миёни тиреза дурахш мекунад.
Барқпуркунӣ ва ҳолати батарея
Ин чӯткаи дандоншӯии «Philips Sonicare» ақаллан
барои таъмини 28 ҷаласаи дандоншӯӣ барномарезӣ
карда шудааст ва ҳар як ҷаласа 2 дақиқа давом
мекунад (14 рӯз мегирад, агар ҳар рӯз ду маротиба
дандоншӯӣ кунед) бо батареяи пурра зарядшуда.
Вақте ки шумо ҷаласаи дандоншӯии 2-дақиқаро иҷро
мекунед, чӯткаи дандоншӯиро ба реҷаи таваққуф
мемонед ё онро бо барқ пур мекунед,
нишондиҳандаи сатҳи заряди батарея вазъияти
батареяро нишон медиҳад.
Шарҳ: Пеш аз истифодаи бори аввал, барои комилан
бо барқ пур кардани батарея ин метавонад то 24 соат
вақтро гирад, аммо шумо метавонед чӯткаи
дандоншӯии «Philips Sonicare»-ро то анҷоми
зарядгирии пурра истифода баред.
Барқпуркунӣ
Барқпуркунӣ дар пойгоҳи барқпуркунанда ё
тамизкунандаи UV
1
Барқпуркунанда ё тамизкунандаро ба барқваслак
васл кунед.