User manual

Table Of Contents
693
Тоҷикӣ
Вақте ки шумо бо батареяҳо кор мекунед,
мутмаин шавед, ки дасти шумо, маҳсул ва
батареяҳо хушк мебошанд.
Барои пешгирӣ кардани расиши кӯтоҳи
батареяҳо пас аз баровардани онҳо аз таҷҳизот,
нуқтаҳои васли батарея бояд бо объектҳои
металлӣ пайваст карда нашаванд (масалан,
тангаҳо, сархораҳо, ангуштаринҳо).
Батареяҳоро ба варақаи алюминий напечонед.
Нуқтаҳои васли батареяҳоро бо скотч маҳкам
кунед ва онҳоро пеш аз партофтан ба халтаи
пластикӣ бимонед.
Барои хориҷ кардани батареяи барқгиранда ба Шумо
дастмол ё матоъ, болға ва мурваттобаки ҳамвор
(муқаррарӣ) лозим аст. Ҳангоми риоя кардани
тартиби дар поён овардашуда, қоидаҳои асосии
бехатариро риоя кунед.
1
Барои тамом кардани батареяи барқгиранда аз
ҳама гуна барқ, дастакро аз барқпуркунанда ҷудо
кунед, чӯткаи дандоншӯиро фаъол кунед ва
бигузоред, ки он то қатъ шудани он кор кунад. То
он даме, ки шумо дигар чӯткаи дандоншӯиро
фаъол карда натавонед, ин қадамро такрор кунед.
2
Сараки чӯткаро озод кунед ва партоед. Тамоми
дастакро бо дастмол ё матоъ пӯшонед.
3
Қисми болои дастакро бо як даст нигоҳ доред ва
корпуси дастакро 0,5 дюйм болотар аз охираш
поён кунед. Ба 4 тараф бо болға сахт бизанед, то
сарпӯши охири онро ҷудо кунед.