User Guide

Table Of Contents
721
Тоҷикӣ
- Агар Шумо нигарониҳои тиббӣ дошта бошед, пеш
аз истифодаи ин дастгоҳ бо духтур маслиҳат кунед.
- Дастгоҳи мазкур дастгоҳи нигоҳубини шахсӣ аст ва
барои истифода дар беморони сершумор дар
амалияи духтури дандон ё муассиса пешбинӣ
нашудааст.
Дастурҳо оид ба бехатарии батарея
- Танҳо лавозимоти ва маводи масрафии аслии
Philips-ро истифода баред. Танҳо аз таҷҳизоти
ҷудошавандаи «TCAxxxx» ва/ё «CBAxxxx» истифода
баред. Танҳо аз батареяи зарядшавандае, ки бо
маҳсулот дода мешавад, истифода баред.
- Маҳсулро дар ҳарорати байни 5 °C ва 40 °C заряд
кунед ва истифода баред.
- Маҳсул ё батареяҳоро аз оташ дур нигоҳ доред ва
онҳоро ба шуоъи мустақими офтоб ё ҳароратҳои
баланд нагузоред.
- Агар маҳсул ғайриоддӣ гарм ё бадбӯй шуда
бошад, ё рангро иваз кунад ё зарядро ба муддати
хеле дароз гирад, истифода ва зарядкунии онро
қатъ намуда, бо Philips дар тамос шавед.
- Маҳсул ё батареяро накушоед, тағйир надиҳед,
сӯрох ё вайрон накунед, қисмҳои онро ҷудо
накунед, то ки батареяҳо гарм нашаванд ё
моддаҳои заҳрнок ё хатарнок аз онҳо набароянд.
Батареяҳоро бо барқ аз ҳад зиёд ё баръакс заряд
надиҳед ё расиши кутоҳ накунед.
- Вақте ки батареяҳо вайронанд ё мечаканд, онҳоро
аз пӯст ё чашмҳо дур нигоҳ доред. Агар ба чашм ё
пӯст расад, бо об шӯед ва ба табиб муроҷиат
намоед.
Майдонҳои электромагнитӣ (EMF)
Ин таҷҳизоти Philips ба ҳамаи стандартҳо ва санадҳои
меъёрии марбут ба нуфузи майдонҳои
электромагнитӣ мутобиқат мекунад.
Дастури Таъминоти Радио
Ҳамин тариқ, Philips эълон мекунад, ки чӯткаҳои
дандоншӯии электрикии бо интерфейси басомади