User Guide

Table Of Contents
722
Тоҷикӣ
радио муҷаҳҳазшуда (Bluetooth ё BrushSync) ба
Дастури 2014/53/EU мувофиқанд.
- Басомади радиои Bluetooth: 2.4 GHz
- Қувваи ниҳоии басомади радиои Bluetooth: 3 dBm
- Басомади радиои NFC: 13.56 MHz
- Қувваи ниҳоии басомади радиои NFC: -26 dBm
Матни пурраи эъломияи мутобиқати ИА дар суроғаи
интернетии зерин дастрас аст:
www.philips.com/support
Истифодаи пешбинишуда
Чӯткаҳои дандоншӯии силсилаи «Sonicare
DiamondClean 9000» барои нест кардани лавҳаи
часпак ва боқимондаҳои ғизо аз дандонҳо барои
коҳиш додани пӯсидаи дандонҳо ва беҳтар нигоҳ
доштани саломатии даҳон пешбинӣ шудаанд.
Чӯткаҳои дандоншӯии силсилаи «Sonicare
DiamondClean 9000» барои истифодаи шахсӣ
пешбинӣ шудаанд. Истифодаи кӯдакон бояд таҳти
назорати калонсолон сурат гирад.
«Philips Sonicare»-и шумо (Расми 1)
1 Дастак
2 Тугмаи фаъол/хомӯш
3 Нишондиҳандаи шиддат
4 Тугмаи реҷа/шиддат
5 Нишондиҳандаи реҷа
6 Чароғаки ёдраскунии иваз кардани сараки чӯтка
7 Нишондиҳандаи заряди батарея
Лавозимот:
8 Сарпӯши сараки чӯтка
9 Саракҳои чӯткаи ҳушманд
10 Аломати «BrushSync»
11 Шишаи барқпуркунанда
12 Пойгоҳи барқгирӣ
13 Пойгоҳи барқпуркунанда
14 Қуттии сафар
15 Қуттии сафари барқпуркунанда
16 Адаптери девории USB(-A)
Тавзеҳ: Лавозимотҳои дохилшуда метавонанд
вобаста ба модели харидшуда фарқ кунанд.